Омӯзгори фаластинӣ, беҳтарин омӯзгори соли 2018 дар ҷаҳон
(last modified Wed, 14 Feb 2018 06:49:50 GMT )
Феврал 14, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Омӯзгори фаластинӣ, беҳтарин омӯзгори соли 2018 дар ҷаҳон

Ҷамил Алдарбошӣ- омӯзгори фаластиние, ки дар мактабе дар Каронаи Бохтарӣ дарс медод барандаи ҷоизаи соли 2018 муассисаи ангилисии "School Enterprise Challenge" ба унвони беҳтарин омӯзгори ҷаҳон шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҷамил Алдарбошӣ- омӯзгори як мактаби писарона дар шаҳри Алхалил вобаста ба Агенти ёрирасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ "АНЕРВА-UNRWA" дар чорчуби барномае дар ростои беҳбуди вазъияти омӯзишу парвариш дар мактаб барандаи ин ҷоиза шуд.

Ин омӯзгори фаластинӣ, ки аз миёни панҷ ҳазор омӯзгор аз 150 кишвари ҷаҳон интихоб шудааст, зимни дарёфти ҷоизаи молӣ, лақаби "сафири саёр" барои беҳбуди вазъияти омӯзишӣ дар минтақаҳои дурафтода аз ҷаҳонро ба худ ихтисос дод.

Ҳаннон Алҳруб, ки дар урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ дар Байт Лаҳм бузург шуда ва дар наздикии Ромуллоҳ дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ дарс медод; ду сол пеш низ дар шаҳри Дубайи Иморот барандаи ҷоизаи ҷаҳонии омӯзгорӣ шуд.