Феврал 15, 2018 18:51 Asia/Dushanbe
  • Худдории Урдун аз таҳвили духтари Садом ба Ироқ

Як манбаи давлатии Урдун аз дархостҳои мукаррари Ироқ барои таҳвили Рағад-духтари Садом, диктатори маъдуми Ироқ хабар дод.

Ба гузориши як манбаи урдунӣ, давлати Ироқ нахустин бор феҳристи шомили 60 муттаҳам ба ҳамкорӣ бо ДИИШ, Алқоида ва ҳизби мунҳалаи Баъсро мунташир кард, ки номи Рағад, духтари Садом, диктатори маъдуми Ироқ низ, ки акнун дар Урдун басар мебарад, дар он вуҷуд дорад.

Бо вуҷуди дархостҳои мукаррари Созмони иттилооти Ироқ аз Урдун барои таҳвил афроди баъсии фаъол ва афроди таҳти пайгарди дастгоҳи қазоии Ироқ, ки дар Урдун муқим ҳастанд, аммо давлати Урдун ин дархостҳоро нодида гирифта ва токунун ба ин дархостҳои Ироқ посух надодааст.

Мустафо Ал Козимӣ, раиси Созмони иттилооти Ироқ ҳам пештар дар сафар ба Уммон бо ишора ба иқомати теъдоде аз афроди фаъоли ҳизби мунҳалаи Баъс дар Урдун, бори дигар бар таҳвили атбои ироқии таҳти таъқиби дастгоҳи қазоии Ироқ ё баъсиҳои муқими Урдун таъкид кард.

 

 

 

Барчасп