Раисиҷумҳури Лубнон: Амрико бояд монеи идомаи таҷовузи Исроил ба Лубнон шавад
(last modified Thu, 15 Feb 2018 14:44:36 GMT )
Феврал 15, 2018 19:44 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Лубнон: Амрико бояд монеи идомаи таҷовузи Исроил ба Лубнон шавад

Мишел Аун, раисиҷумҳури Лубнон дар дидор бо Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико, гуфт, ин кишвар бояд монеи идомаи таҷовузи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии Исроил ба Лубнон шавад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Мишел Аун имрӯз (панҷшанбе) дар Кохи раёсатҷумҳурӣ дар дидор бо Тиллерсон афзуд, Амрико аз Исроил бихоҳад, ки ба қатъномаи 1701-и Шӯрои амнияти Созмони Милал пойбанд бошад.

Вай бо баёни инки Лубнон ба ҳифзи оромиш дар марзҳои ҷануб поубанд аст, гуфт, ин кишвар бо таҷовузи Исроил ба дороиҳои Лубнон дар минтақаи иқтисодии воқеъ дар обҳои сарзаминии Лубнон, мухолиф аст.

Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико низ пас аз ин дидор муддаӣ шуд, Амрико дар канори миллати Лубнон истодааст.

Вазири хориҷаи Амрико дар ҳоле муддаии ҳимояти ин кишвар аз суботи Лубнон шуда, ки режими саҳюнистӣ, ки аслитарин ҳампаймони Амрико дар минтақа аст, ҳамчунон таҷовузи ҳавоӣ, дарёӣ ва заминии худро ба марзҳои Лубнон идома медиҳад ва вокунише низ аз сӯи Вашингтон дида нашудааст.

Амрико ҳамчунин таҳримҳо ва фишорҳои иқтисодиро алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки бахше аз давлати ин кишвар аст, афзоиш додааст.