Феврал 22, 2018 19:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати муовини Абубакри Бағдодӣ дар Сурия

Манобеи ироқӣ аз ҳалокати муовини Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар шарқи Сурия хабар доданд.

Ба нақл аз Алмаёдин, Абдурраҳмон Алтамимӣ Алъутайбӣ Алҷазровӣ, аз муовинони Абубакри Бағдодӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар минтақаи Алҳаҷин дар шарқи Сурия ба ҳалокат расидааст.  

Манобеи ироқӣ ҳамчунин аз боздошти Исмоил Алвон Алъисовӣ, аз саркардаҳои ДИИШ хабар доданд.  

Аз сӯи дигар манобеи ироқӣ гузориш доданд, Бағдод 27 кӯдак ва чаҳор занро, ки мазнун ба иртибот бо ДИИШ ҳастанд, таҳвили Русия дод.

Ин афрод барои пайвастан ба ДИИШ фиребхурда буданд ва пас аз такмили бозҷуиҳо таҳвили Русия шуданд.  

 

Барчасп