Феврал 26, 2018 16:01 Asia/Dushanbe

Мақомоти режими саҳюнистӣ ин рӯзҳо кӯчактарин духтари хабарнигори ҷаҳонро хатаре барои худ медонанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, ин духтари 11 сола Ҷанна Ҷиҳод, аз аҳолии рустои Аннабӣ Солеҳ (а) аст, ки дар маърази ҳамалоти таблиғотӣ ва таҳрикомези густурдаи дастгоҳҳои режими саҳюнистӣ қарор дорад.

Ҷанна Ҷиҳод аз чаҳор соли пеш то кунун бо филмҳо ва тасовири пуршумор, ҳузури худро дар наздиктарин маҳалҳои даргирии фаластиниҳо ва нерӯҳои режими саҳюнистӣ мустанадсозӣ кардааст.

Ин филмҳо ва тасовир бархурди таҷовузгарона ва ваҳшиёнаи нерӯҳои режими саҳюнистӣ бо фаластиниҳоро фош мекунад.

Шабакаи дувуми телевизиони режими саҳюнистӣ ахиран эълом кард, ки гузориши маҳрамонаи Вазорати умури роҳбурдии Исроил ин духтари фаластиниро, ки дар яке аз мадрасаҳои Ромуллоҳ дарс мехонад, хатари амниятӣ барои Исроил дар оянда тавсиф кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Навол Тамими, модари Ҷанна Ҷиҳод низ дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Алолам”, режими саҳюнистиро масъули ҷони фарзанди худ дониста ва аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи кӯдакон хостааст, то ба суханони таҳрикомез ва ҳамалоти саҳюнистҳо алайҳи фарзандаш таваҷҷуҳ кунанд.