Феврал 28, 2018 21:23 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги мазҳабӣ шигирди ҷадиди саҳюнистҳо барои тасаллут бар Қудс

Режими саҳюнистӣ дар идомаи ҷанги ҳамаҷонибаи худ бар зидди миллати Фаластин ин бор бо афзоиши молиёт бар масоҷид ва амокини муқаддаси динии мусулмонон ва масеҳиён ҷанги мазҳабӣ бар зидди миллати Фаластинро ташдид кард.

Мавзуе, ки ҷунбиши исломи Фаластин Ҳамос зимни эътироз ба он дар баёниае эълом кард, режими саҳюнистӣ бо афзоиши молиёт бар амокини муқаддас ва маҳдудиятҳои вуруд ба ин амокин, монеи ҳузури мардум Фаластин барои анҷоми фароизи динӣ дар ин амокин мешавад.

Дар баёнияи Ҳамос омадааст:

“Режими саҳюнистӣ дар иқдоме хатарнок муқаддасоти фаластиниҳоро ҳадаф қарор дода ва боисте бо он муқобила кард”.

Ҳамос таъкид кардааст: “Таҳмили молиёт бар амокини таърихӣ ва мазҳабии Қудс ва дороиаҳои он аз авоқиби иқдомоти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико алайҳи Қудс аст”.

Бетардид иқдомоти Амрико ва режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳаргиз муҷиби таҳрифи ҳақоиқи таърихии миллати Фаластин нахоҳад шуд.

Ин амр ҳеҷ машруите ба режими ишғолгари Қудс намебахшад.

Ҷаҳони ислом ва афкори умумии ҷаҳон яқин дорад, ки Қудси бузург пойтахти абдӣ ва ҳамешагии сарзамини таърихии Фаластин боқӣ хоҳад монд.

Марзҳои асили Фаластинро муборизини ҳақталаб ва озода бо муқовимат ва хуни хеш тарсим хоҳанд кард.

Ҳадаф қарор додани нақш ва ҷойгоҳи маконҳои мазҳабӣ ва ибодатгоҳҳо, тааррузи ошкор ба ҳама аснод ва мувофиқатномаҳои байналмилалӣ аст, ки озодии ибодатро тазмин мекунанд ва барои ҷойгоҳи муқаддаси маконҳои динӣ ва мазҳабӣ дар ҳар шароите ва дар ҳар маконе эҳтиром қоил мешаванд.

Мардуми Фаластин аз оғози таърих токунун дар сарзамини модарӣ ва аҷдодии худ зиндагӣ мекунанд.

Фаластиниён ҳамвора ба усуле монанди муҳаббат, бародарӣ, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба дигарон ва такрими адёни осмонии дигар пойбанд будаанд.

Тасмими Вашингтон барои интиқоли сафорати Амрико ба Қудси ишғолӣ дар 14 майро метавон тадовуми ҷиноят ва таҳрики эҳсосоти фаластиниён донист.

Чун 14 май солрӯзи фоҷеаи ишғоли Фаластин дар соли 1948 ёдовари ҳаводис ва таҳаввулоти талхе барои ин миллат аст.

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп