Март 19, 2018 15:37 Asia/Dushanbe
  • Коваи оҳангар қурбонии ҳуҷуми неруҳои турк ба Африн Сурия (акс)

Неруҳои  артиши Туркия ва террористҳои "Артиши озод", ки рӯзи якшанбе 18 март, шаҳри Афринро аз контроли курдҳои Сурия хориҷ карданд, дар иқдоме ҳамонанди рафтори дииш-ҳо, пайкараи Коваи оҳангарро, ки намоди муқовимати ин шаҳр буд, нобуд карданд.

Ба гузориши шабакаи “Ал Маёдин”, неруҳои низомии Туркия ва муттаҳидонаш рӯзи якшанбе баъд аз вуруд ба шаҳри Африн дар шимоли Сурия, муҷассамаи Коваи оҳангарро аз майдони шаҳр поин кашиданд ва парчами Туркияро боло бурданд.

Пайкараи Коваи оҳангар ба дархости Шӯрои миллии курдҳои Сурия, сохта шуда ва ба унвони намоди озодӣ ва мубориза бо зулм дар майдони марказии Африн насб шуда буд.

Артиши Туркия ба баҳонаи нобудии мухолифони курд, аз рӯзи 20 январи гузашта бо таҷовузи ошкор ба хоки Сурия ва бо ҳамроҳии неруҳои мавсум ба «Артиши озоди Сурия», амалиётеро ба номи “шохаии Зайтун” дар минтақаи Африн дар шимоли Сурия, оғоз кардааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия рӯзи якшанбе эълом кард, дар панҷову ҳаштумин рӯзи амалиёти “шохаи Зайтун”, маркази шаҳри Африн ба контроли комили неруҳои Туркия дар омадааст.

Аз сӯи дигар масъулони шаҳри Африн эълом карданд, дар рӯзҳои гузашта дастикам 150 ҳазор нафар аз сокинони ин шаҳр ба далели таҷовузи низомии Туркия, хонаҳои худро тарк кардаанд.

Димишқ низ бо маҳкум кардани амалиёти Туркия дар минтақаи Африн ва дигар манотиқи шимоли Сурия, хостори хурӯҷи неруҳои турк аз хоки Сурия шудааст.

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption