Баррасии тарҳи таъхири 2 соатаи барпоии намози хуфтан дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i31563-Баррасии_тарҳи_таъхири_2_соатаи_барпоии_намози_хуфтан_дар_Арабистон
Тағйироте, ки аз чанде қабл дар Арабистони Саудӣ оғоз шуда, акнун ба дархости тағйири вақти барпоии намози ишо (хуфтан) расидааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 19, 2018 15:56 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи таъхири 2 соатаи барпоии намози хуфтан дар Арабистон

Тағйироте, ки аз чанде қабл дар Арабистони Саудӣ оғоз шуда, акнун ба дархости тағйири вақти барпоии намози ишо (хуфтан) расидааст.

Ба гузориши ИРНА, 25 намояндаи Маҷлиси машваратии Арабистон хостори ба таъхир афтодани ду соатаи азон ва намози хуфтан дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар шуданд.

Ин намояндагон эълом карданд, ки фосилаи кунунӣ миёни намози мағриб (шом) ва ишо(хуфтан) кӯтоҳ аст ва мардум дар ин муддат фурсати анҷоми ҳеҷ кореро надоранд.

Рӯзномаи “Ал Риёз” низ навишт, таъхири дусоата дар намози ишо ба мағозадорон имкон медиҳад, ки бо поён ёфтани соати корӣ, ба хондани намоз бипардозанд.

Комиссияи умур исломӣ ва қазоии Маҷлиси машваратии Арабистон ин пешниҳодро тасвиб кардааст ва интизор меравад ин маҷлис рӯзи сешанбе, пешниҳоди ба таъхир андохтани дусоатаи хондани намози ишоро тасвиб кунад.