Март 19, 2018 16:54 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши курдҳои Сурия ба тахриби ҳайкали Коваи оҳангар дар Африн

Ҳизби курдии демократики халқҳо дар ҳисоби расмии худ дар Титтер ба тахриби ҳайкали Коваи оҳангар дар шаҳри Африн ба дасти нерӯҳои артиши озоди Сурия ва нерӯҳои турк вокуниш нишон дод.  

Ҳизби демократики халқҳо (HDP) дар вокуниш ба вайрон шудани ҳайкали Коваи оҳангар дар Африн ба дасти нерӯҳои Туркия ва террористҳои мавсум ба артиши озоди Сурия навишт: “Касоне, ки тасаввур мекунанд, Коваи оҳангар танҳо иборат аз як ҳайкал аст, бояд бидонанд, оташи Наврӯзе, ки Коваи оҳангар барпо кардааст, садҳо сол аст, ки дар чаҳор сӯи Ховари Миёна барафрухтааст”.

Нерӯҳои артиши озоди Сурия, ки бо ҳимояти артиши Туркия субҳи рӯзи гузашта вориди шаҳри Африн шуданд, дар нахустин иқдоми худ ҳайкали Коваи оҳангарро дар майдони марказии ин шаҳр гулулаборон ва сипас тахриб карданд.

Пайкараи Коваи оҳангар, ки ба дархости Шӯрои миллии курдҳои Сурия сохта шуда буд, пас аз мариммат ва бозсозӣ, дар нахустин рӯз аз ҷашни Наврӯзи 2016 дар маросиме бо ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Африн ва раҳбарони ҳизбҳои курдии Сурия насб шуд.  

Коваи оҳангар дар фарҳанги эронӣ намоди озодихоҳӣ ва мубориза бо зулм ва зӯр аст ва миёни курдҳо низ аз эҳтироми бисёре бархурдор аст.