Август 29, 2016 19:34 Asia/Dushanbe
  • Тағйири Сомир Саҳбон – гарави муносиботи ҳасанаи Ироқу Арабистон

Дар пайи изҳороти ҷанҷолӣ ва иқдомоти мудохилаҷӯёнаи сафири Арабистон дар Ироқ ҳукумати ин кишвар аз Риёз хост, фардеро ба унвони ҷойгузини ӯ муаррифӣ кунад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Пресс" ТВ, агарчи даврони фаъолияти Сомир Саҳбон дар Ироқ ҳанӯз ба як сол ҳам нарасидааст, Бағдод расман аз Риёз хост, вайро аз Ироқ хориҷ кунад. Вазорати умури хориҷии Ироқ ас-Саҳбонро ба дахолати ошкор дар умури дохилии ин кишвар муттаҳам кардааст.

Моҳи декабри соли 2015 сафорати Арабистон дар Ироқ бо раҳбарии Сомир ас-Саҳбон фаъолияти худро муҷаддадан аз сар гирифт. Арабистон соли 1990, замоне ки нерӯҳои Ироқ ба Кувейт ҳамла карданд, сафорати худро дар Ироқ таътил кард. Аммо равобити дипломатии Арабистону Ироқ дар соли 2004, дар пайи сарнагун шудани режими Саддом дар сатҳи намояндагӣ аз сар гирифта шуд. Ин сатҳи намояндагӣ дар ниҳоят дар декабри соли гузашта ба бозгушоии муҷаддади сафорати Саудӣ дар Бағдод мунҷар шуд ва Сомир Саҳбон ба унвони сафир маъмури равобити дипломатии Риёзу Бағдод пас аз 2,5 даҳаи қатъи равобити дипломатӣ шуд.

Сарнагун шудани режими баъси Саддом фурсати ҷадиде барои Ироқ фароҳам кард, то равобити худро бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистон густариш диҳад. Ироқ пас аз режими Саддом дар масири бозгашти таъсиргузор дар ҷаҳони араб гом ме‎бардорад ва лозимаи таҳаққуқи ин бозгашти муассир доштани равобити қобили қабул бо кишварҳои минтақа ва ҳамсоя аст. Бо ин нигоҳ сангбинои равобити дипломатии Ироқ бо Арабистон бо бозгушоии сафорати Саудӣ дар Бағдод гузошта шуд, аммо бо ҳузури Сомир Саҳбон дар Бағдод фаъолияти дипломатии сафири Саудӣ таҳти таъсири таҳаввулоти сиёсии Ироқ қарор гирифт. Сомир Саҳбон дар муддати 9 моҳи маъмурияти худ ҳамчун сафир дар чорчуби густариши равобити Бағдоду Риёз рафтори дипломатие надоштааст. Он чӣ аз амалкарди ин дипломати Саудӣ гуфта мешавад, дар чорчӯби чашмандози бозгашти Ироқ ба ҷаҳони араб нест ва комилан нишондиҳандаи тазъифи ин кишвар аст.

Амалкарди сафири Саудӣ дар Бағдод нишонгари рафторҳои дипломатӣ нест ва идомаи он ҳадафгузории Ҳукумати Ироқро бароварда нахоҳад кард. Доштани равобити хубу густурда байни ду кишвар ҳусни ният ва эҳтиром ба манофеи миллӣ аст. Вале маҷмӯи рафторҳои Сомир Саҳбон, сафири Саудӣ дар Бағдод нишонае аз эҳтиром ба ин усул набуда, нақши мухаррибе дар равобити Арабистону Ироқ дорад.

Бо камранг шудани рафтори дипломатии Сомир Саҳбон интиқодҳо аз ӯ афзоиш ёфтанд, то ин ки Вазорати умури хориҷии Ироқ асри якшанбе дар баёнияе эълом кард, тай номае аз Арабистон дархост кардааст, шахси дигареро ба ҷойи Сомир Саҳбон дар Бағдод баргузинад. Вазорати умури хориҷии Ироқ дар ин баёния таъкид кардааст, Саҳбон нафақат қонунҳои дипломатиро риоя намекунад, балки дар умури дохилии Ироқ низ дахолат дорад ва ин амр ба ҳеҷ ваҷҳ барои давлату миллати Ироқ қобили қабул нест.

Фазосозии сиёсии Сомир Саҳбон барои террори ӯ тавассути қишри хоси мавриди ҳимояти тарафи сеюм, тахриби амалкарди нерӯҳои мардумӣ ба унвони нерӯҳои муассиру коромад дар ҷанг бо терроризм ва муттаҳам кардани шиаён ба иттихози рӯйкарди гурӯҳӣ бо манофеъ ва ҳокимияти миллии Ироқ дар тазод аст. Ин рӯйкард нуқтаи муқобили талош барои баланд бардоштани сатҳи равобити Риёзу Бағдод буда, танҳо роҳ барои рафъи ин мушкил мавзеъгирии дурусту мантиқии Вазорати умури хориҷии Ироқ дар тағйири Сомир Саҳбон аст.