Апрел 01, 2018 17:35 Asia/Dushanbe
  • Ҷаллоди ДИИШ дар Ироқ ба ҳалокат расид

Яке аз саркардагони гурӯҳи террористӣ-такфирии ДИИШ маъруф ба ҷаллоди ДИИШ дар амалиёте дар саҳрои Аланбор дар ғарби Ироқ ба ҳалокат расид.  

Манобеи амниятии Ироқ эълом карданд, Абу Тоҳо Тунисӣ, маъруф ба ҷаллоди ДИИШ  ва 9 тан аз террористҳои ҳамроҳи вай дар амалиёти нерӯҳои вижаи Ироқ дар саҳрои Аланбор ба ҳалокат расиданд.  

Гузориш ҳокист, дар ин амалиёт ҳамчунин чандин нақби махфии террористҳои такфирӣ ҳовии силоҳ, маводи мухаддир ва машруботи алкулӣ низ кашф шуд.

Бо вуҷуди эъломи поёни ҳузури низомии ДИИШ  дар Ироқ авоили декабри 2017, ҳамалоти террористҳои такфирӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар бавижа ҳавмаи Бағдод, шимол, шарқ ва ғарби Ироқ ҳамчунон ба таври пароканда идома дорад.

ДИИШ соли 2014, бо ҳимоятҳои молӣ ва низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ ва арабии ин кишвар аз ҷумла Арабистон бо ҳамла ба Ироқ, бахшҳои васее аз манотиқи шимолӣ ва ғарбии ин кишварро ишғол ва ҷиноёти бешуморе анҷом дод.

 

Барчасп