Апрел 05, 2018 13:20 Asia/Dushanbe
  • Кашфи силоҳҳои ғарбии мутааллиқ ба ДИИШ дар Дайр-уз-Зури Сурия

Воҳиди муҳандисии артиши Сурия миқдори зиёде силоҳ ва муҳиммоти сохти кишварҳои ғарбиро, ки аз афроди террористии ДИИШ дар атрофи Дайр-уз-Зури Сурия боқӣ монда буд, кашф карданд.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия, дар идомаи амалиёти поксозии минтақаи шарқии Дайр-уз-Зур ба манзури бозгашти аҳолии овораи ин манотиқ ба хонаҳои худ, воҳиди артиши Сурия дар амалиёти бозрасии минтақаи Ал-Маёдин миқдори зиёде силоҳ, аз ҷумла бомба ва мушакҳои мутааллиқ ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар рустои Сабихон кашфу мусодира карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар анборҳои кашфшуда миқдоре маводи химиявӣ, силоҳ ва муҳиммот вуҷуд дошт, ки бархе аз онҳо сохти режими саҳюнистӣ ва бархеи дигар, монанди гулӯлаҳои тӯп мутааллиқ ба кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аст.

Дар ҳамин ҳол Маҳмуд аш-Шавво, муовини вазири дифои Сурия 2017 -ро соли пирӯзиҳои бузурги артиши Сурия ва ҳампаймононаш донист ва гуфт, террористҳои ваҳҳобӣ - саҳюнистии ДИИШ дар соли 2015 бар ниме аз хоки Сурия тасаллут доштанд, аммо акнун ҳузури ин гурӯҳи террористӣ дар Сурия ба чанд минтақаи хурд маҳдуд шуда ва танҳо чаҳор дарсад аз хоки Сурия дар ишғоли диишиҳост, ки ин манотиқ низ дар муҳосираи комили артиши Сурия аст.