Апрел 05, 2018 20:47 Asia/Dushanbe
  • Барафрошта шудани парчами Эрон дар борикаи Ғазза

Ҷавонони фаластинии сокини борикаи Ғазза, парчами кишварҳои ҳомии Фаластин, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эронро наздики марз бо Исроил барафроштанд.

Ба гузориши ИРНА, ҷавонони фаластинӣ ҳамчунин бо сардодани шиорҳое аз мавзеи ин кишварҳо дар ҳимоят аз фаластиниён, қадрдонӣ карданд.

Салоҳ Абдулаотӣ, раиси Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз миллати Фаластин барафроштани парчами кишварҳои дӯсти Фаластинро паёми дӯстии миллати Фаластин ба ҳамаи озодагони ҷаҳон хонд.

Вай ҳамчунин аз кишварҳои арабӣ хост, раванди оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро мутаваққиф кунанд ва ба идомаи ҷиноятҳо ва таҷовузҳои ин режим кумак накунанд.

Роҳпаймоии бузурги “ҳаққи бозгашт” ҷумъаи гузашта (30 март) дар Ғазза ҳамзамон бо “Рӯзи замин” баргузор шуд.

Ширкаткунандагон гуфтаанд, роҳпаймоӣ ва ҳузур дар марзҳои шарқи Ғазза бо Фаластин ишғолиро то 14 май, ки рӯзи накбат ва 70-умин солгарди таъсис режими ишғолгар саҳюнистӣ аст, идома хоҳанд дод.

 

Барчасп