Ҷангу маҳрумият Яманро ба вайрона табдил додааст
Масъули ҳамоҳангии кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони Милал дар Яман гуфт, ҷангу маҳрумият ин кишварро ба вайрона табдил додааст.
Ҷейми Мак Голдрик, масъули ҳамоҳангии кӯмакҳои барашрдӯстонаи Созмони Милал дар Яман рӯзи душанбе бори дигар дар мавриди вахомати шароити зисти мардуми Яман ва камбуди шадиди маводи ғизоию дору дар ин кишвар ҳушдор дод. Ӯ бо баёни ин ки идома ва шиддат гирифтани даргириҳо дар ҳафтаҳои ахир асароти вайронгаре ба амнияту зиндагии мардуми ин кишвар гузошта, ёдовар шуд, ки ҳамзамон бо афзоиши ин даргириҳо, густариши ноамниҳо ва баста будани фурудгоҳи Санъо вуруди доруҳои мавриди ниёзи маҷрӯҳону беморонро ба дохили кишвар ғайрмумкин кардааст.
Мак Голдрик аз Ҳукумати Яман ва мақомоти Саудӣ хост, то ҳарчи сареътар бо мавриди истифода қарор додани фурудгоҳи Санъо то ҳудуде аз ранҷу машаққати мардуми ин кишвар бикоҳанд ва аз вуқӯи фаҷеаҳои бештари инсонӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки режими Саудӣ дархости ҷомеаи байналамилалиро ба эътибор нагирифта, ҳамчунон бо бомбаборон кардани манотиқи ғайринизомӣ дар Яман мардуми ин кишварро ба хоку хун мекашад.