Апрел 08, 2018 19:09 Asia/Dushanbe
  • Ҷумъаи оянда дар Фаластин оташ задани парчами Исроил ном гирифт

Ҳайъати баргузории тазоҳуроти ҳаққи бозгашт дар Фаластини ишғолӣ, роҳпаймоиҳои ҷумъаи отиро ба номи “ҷумъа барафроштани парчами Фаластин ва оташ задани парчами Исроил” номгузорӣ кард ва хоҳони идомаи тазоҳурот шуд.  

Ин ҳайъат дар баёнияе эълом кард: Азму иродаи тазоҳуркунандагони фаластинӣ барои муқобила бо ваҳшигарии ишғолгарони саҳюнист, муқовим ва побарҷост.  

Режими саҳюнистӣ бидуни далел фаластиниёнро ба хоку хун мекашад ва мехоҳад, бо эҷоди раъбу ваҳшат, аз идомаи тазоҳуроти сулҳомез ҷилавгирӣ кунад.  

Аз ҷумъаи гузашта ҳазорон фаластинӣ дар чиҳилу дувумин солгарди рӯзи замин дар тазоҳуроти мусоламатомези ҳаққи бозгашт ба сӯи маҳдудаи марзии борикаи Ғазза бо арози ишғолӣ ҳаракат карданд, ки бо ҳамлаи низомиёни исроилӣ рӯ ба рӯ шуданд.  

Аз замони оғози роҳпаймоии бузурги ҳаққи бозгашт токунун 31 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва беш аз 3000 нафари дигар захмӣ шуданд.

 

Барчасп