Мушовири Асад: Аз ҷанг наметарсем
(last modified Thu, 12 Apr 2018 08:38:05 GMT )
Апрел 12, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Мушовири Асад: Аз ҷанг наметарсем

Мушовири сиёсӣ ва расонаии раисҷумҳури Сурия дар вокуниш ба таҳдиди Амрико алайҳи низоми Димишқ гуфт: Низоми Сурия омодааст ва аз ҷанг наметарсад.

Басина Шаъбон дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдин гуфт: Ончи имрӯз шоҳиди он ҳастем, ҷанги равонии ғарб аст, ки мехоҳанд, пас аз шикастҳояшон дар Сурия, қудратнамоӣ кунанд.  

Вай афзуд: Ҷанги Сурия токунун барои ғарбиҳо натиҷаи акс дошта ва боиси ташкили як эътилоф алайҳи сиёсатҳои онҳо шудааст, ки шомили Русия, Чин, Сурия, Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон аст.

Мушовири сиёсӣ ва расонаии раисҷумҳури Сурия таъкид кард: Меҳвари муқовимат гузинаҳо дорад ва дар муқобили таҳдид сар таслим фуруд намеоварад.