Кӯдаки сурӣ дурӯғгӯии “кулоҳ сафедҳо”-ро фош кард
Ҳасан Диёб кӯдаки сурӣ, ки дар видеоҳои сохтагии "кулоҳ сафедҳо" ба унвони қурбонии ҳамлаҳои кимиёвии Думо нишон дода шуда буд, ҷузъиёти ин филмҳои сохтагиро фош кард.
Ба гузориши “Спутник”, Ҳасан Диёб дар гуфтугӯ бо шабакаи “Русия 1”, гуфт, «мо дар як зерзамин будем. Модарам ба ман гуфт, писарам чизе барои хӯрдан надорем ва имрӯз чизе намехӯрем. Ман садое аз берун шунидам, ки фарёд мезаданд ба бемористон биравед. Мо ба бемористон рафтем ва то вориди онҷо шудем, рӯйи мо об рехтанд ва бар тахтҳои бемористон қарор доданд.»
Хабарнигори шабакаи телевизионии “Русия 1” ишора кард, ки ин кӯдакро маҷбӯр ба ҳузур дар видео кулоҳ сафедҳо карданд.
Вай гуфт, Ҳасан ғизое барои хӯрдан надошт ва ба ӯ гуфтанд дар баробари ҳузур дар ин филм ба ту биринҷ, хурмо ва кейк хоҳем дод.
Падари Ҳасан низ гуфтаҳои писарашро таъйид кард.
Рӯзи 14 апрел, Амрико ва муттаҳидонаш беш аз 100 мушак ба Сурия шиллик карданд.