Апрел 20, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ду ҷавони фаластинӣ дар чаҳорумин ҷумъаи тазоҳуроти “Ҳаққи бозгашт”

Дар чаҳорумин ҳафтаи роҳпаймоии бузурги “Ҳаққи бозгашт”-и фаластиниён дар навори Ғазза, дасти кам ду ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Олам, имрӯз ҷумъа дар остонаи оғози чаҳорумин роҳпаймоии бузурги “Ҳаққи бозгашт”, низомиёни саҳюнист ба самти чодарҳои тазоҳуркунандагон тирандозӣ карданд, ки бар асар он, Аҳмад Ҷамил Ақл ҷавони фаластинӣ дар минтақаи Абусафия дар шимоли навори Ғазза ба шаҳодат расид.

Аҳмад Рашод ал-Усомина низ ҷавони фаластинии дигаре буд, ки имрӯз ба шаҳодат расид.

Манобеи фаластинӣ гузориш доданд, низомиёни режими саҳюнистӣ ба тазоҳуркунандагонӣ фаластинӣ бо тир ва гази ашковар ҳамла карданд, ки бар асари он беш аз 80 фаластинӣ захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба ширкаткунандагон дар роҳпаймоии бузурги “Ҳаққи бозгашт”, ки аз 30 март ба муносибати рӯзи замин дар борикаи Ғазза оғоз шуд ва ҳар ҷумъа идома дорад, даҳҳо фаластинӣ шаҳид ва ҳазорон нафар захмӣ шудаанд, ки ҳоли беш аз 100 нафари онҳо ногувор ва бад аст.

 

Барчасп