Апрел 21, 2018 13:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷосусӣ аз ҳоҷиён бо кумаки саҳюнистҳо

Бархе манбаъҳо ифшо карданд як ширкати саҳюнистӣ ба дархости Бин Салмон аз ҳоҷиён ҷосусӣ мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии шабакаи телевизионии Алнабаъ, Ба нақл аз як ҳисоби корбарӣ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер мавсум ба Алъаҳдул Ҷадид ин матлабро фош кардааст.

Алъаҳдул Ҷадид навиштааст: Арабистон ба воситаи ширкати байналмиллалии Аттасҳил, ки таҳти назорати Муҳаммад Бин Салмон-валиъаҳди ин кишвар қарор гирифтааст бо ҳамкории як ширкати исроилӣ иттилооти муҳимме аз ҳоҷиён ва умрагузорон ҷамъоварӣ мекунад.

Дар идомаи ин твитт омадааст: ин нахустин бор аст, ки чунин иттилооте ҷамъоварӣ мешавад.

Алъаҳдул Ҷадид дар твитти дигаре навиштааст: Файсал Оли саъуд-яке аз шоҳзодагоне буд, ки ноябри 2017 дар ҳотели Ритз Карлтон боздошт шуд ва яке аз шартҳои озодии вай чашмпушӣ аз ширкати байналмиллалии Аттасҳил буд, ки ба ин тартиб ин ширкат таҳти назорат ва тасарруфи Бин Салмон қарор гирифт.

Барчасп