Даргирӣ миёни аносури ДИИШ бар сари таъини ҷонишини Абубакри Бағдодӣ
(last modified Sun, 22 Apr 2018 12:07:42 GMT )
Апрел 22, 2018 17:07 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ миёни аносури ДИИШ бар сари таъини ҷонишини Абубакри Бағдодӣ

Боқимондаи аносури гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи Сурия, бар сари таъйини ҷонишини Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳ бо ҳам даргир шуданд.  

Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ муддатҳо аст, ки нопадид шудааст.  

Дар даргирии шанбе шаб миёни аносури ДИИШ, дар устони Дерулзӯр (шарқи Сурия), Абухолид Алтунисӣ, аз фармондеҳони ин гурӯҳ ва ҳамсараш, ки аз байъат бо Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ пушаймон шуда буданд, ба ҳалокат расиданд.  

Бар асари ин даргириҳо токунун шумори зиёде аз нерӯҳои ДИИШ ба ҳалокат расида ва ё захмӣ шудаанд. Масъулони ДИИШ талош мекунанд, монеъ аз интишори ҷузъиёти ин даргириҳо ва омори талафоти онҳо шаванд.  

Дар ҳамин ҳол, таҳвили силоҳи гурӯҳи террористии Ҷайшулислом ба артиши Сурия муҷиби ихтилоф миён террористҳо шуд. Шуморе аз фаъолони расонаӣ, вобаста ба террористҳо дар Сурия, аз ин иқдом интиқод карданд.