Филми дилхарош аз кӯдаки яманӣ, дилҳоро ба дард овард
Интишори видеое аз кӯдаки яманӣ, ки ҳозир нест аз падари шаҳидаш ҷудо шавад, вокунишҳои бисёр зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал Масира”-и Яман, падари ин кӯдак дар ҳамлаи ҳавоии душанбе шаби гузаштаи эътилофи саудӣ- амрикоӣ ба як маросими арӯсӣ (туй) дар устони Ҳаҷҷа ба шаҳодат расид. Сухангӯи вазорати беҳдошти Яман эълом кард, дастикам 20 шаҳид ва 40 захмӣ, омори қурбониёни ҳамлаи мутаҷовизони Саудӣ ба ин маросими арӯсӣ аст, аммо омор ниҳоӣ нест.
Сухангӯи вазорати беҳдошти Яман гуфт, Созмони Милали Муттаҳид собит кард, наметавонад ҷиноятҳои мутаҷовизонро мутаваққиф кунад ва ин ҳамдастӣ, пазируфтанӣ нест.
Бемористони “Алҷумҳур”-и устони Ҳаҷҷа зимни эъломи ҳолати фавқулода аз шаҳрвандони яманӣ хостааст, барои эҳдои хун ба маҷрӯҳони ин ҳодиса иқдом кунанд.