Май 05, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Яман

Иттиҳодияи асҳоби расона дар Яман, таҳқиқот дар бораи ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, алайҳи асҳоби расона дар Яманро хостор шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал Олам”, Иттиҳодияи асҳоби расона дар Яман, ба муносибати рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот (3-моҳи май ), тайи баёнияе бар лузуми ташкили кумитаи таҳқиқоти байналмилалӣ барои баррасии ҷиноёт, тахаллуфот ва ҳамчунин муҷозоти мутаҷовизони Саудӣ таъкид кард.

Иттиҳодияи асҳоби расона дар Яман бо ишора ба қурбони шудани 180 тан аз фаъолони расона ва инҳидоми ҳудуди 22 марказ аз таъсисоти расонаӣ ва низ 30 маркази ирсол ва пахш радиоӣ ва телевизионии Яман бар асари ҳамалоти мутаҷовизон, хоҳони истодагии озодагони ҷаҳон дар қиболи эътилофи мутаҷовизи саудӣ шуд.

Хабари дигар аз Яман ба нақли шабакаи телевизионии “Ал Масира” ҳокист, як шаҳрванди яманӣ ба зарби гӯлаи нируҳои марзии Арабистон дар минтақаи марзӣ дар устони Саъда (шимоли Яман) кушта шуд.

Аз сӯи дигар неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар посух ба ҷиноёти мутаҷовизони Саудӣ, мавозеи муздурон дар устони Алҷуф (шимоли Яман)-ро ҳадаф қарор доданд, ки ба ҳалокати шуморе аз онҳо мунҷар шуд.

Дар пайи талоши муздурони Саудӣ барои нуфуз дар минтақа Азиқ дар минтақаи марзии Асир, артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, тайи амалиёте бо дафъи ин ҳамла, миқдори силоҳ ва муҳиммот аз муздурон ба ғанимат гирифтанд ва таҷаммӯоти ононро бо тӯпхона ҳадаф қарор доданд.

Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман илова бар кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазори яманӣ, ин кишварро бо қаҳтӣ ва густариши бемориҳои мухталиф мувоҷеҳ кардааст.