Дастури ҳамлаи Ироқ ба мавозеи ДИИШ дар Сурия содир шуд
Дар пайи ҳамоҳангии Сурия ва Ироқ дар болотарин сатҳ дар набард бо терроризм, Ҳайдар ал-Ибодӣ нахуствазир ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ, дастури ҳамла ба террористҳои ДИИШ дар дохили хоки Сурияро содир кард.
Ба гузориши шабакаи телевизионии ал-Ироқия, пас аз ин дастур, неруи ҳавоии Ироқ мавозеи саркрдагони гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар ҷануби минтақаи ад-Дашиша, шимолу шарқи Сурия ҳадафи ҳамла қарор дод.
Ба гузориши дафтари нахуствазирии Ироқ, Яҳё аз-Зубайдӣ сухангӯи фармондеҳи амалиёти муштараки Ироқ таъкид кард: Неруҳои ироқӣ террористҳои ваҳҳобӣ-саҳюнистии ДИИШ-ро дар дохили Сурия бо ҳамоҳангии давлати ин кишвар, таъқиб хоҳанд кард.
Фармондеҳи амалиёти муштараки Ироқ апрели гузашта дар пайи дастури ҳайдар Ал-Ибодӣ, мавозеи терристҳои ДИИШ шомили муҳимтарин коргоҳҳои сохти бомба ва бомбагузории худравҳо дар хоки Сурияро бо ҳавопаймоҳои F16 ҳадаф қарор дод ва аз байн бурд.