Май 07, 2018 19:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни бомбборони дафтари раёсатҷумҳурии Яман

Дар паи ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ба сохтмони дафтари раёсатҷумҳурии Яман дар Санъо, омори қурбониёни ин ҳамалот ба 66 кушта ва захмӣ расид.  

Пойгоҳи иттилоърасонии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард: Дар миёни қурбониёни ҳамла ба дафтари раёсатҷумҳурии Яман дар Санъо, донишомӯзони мадорис низ дида мешавад.  

Пеш аз ин шумори қурбониён шаш кушта ва 30 захмӣ эълом шуда буд ва эҳтимоли афзоиши қурбониён ба далели тадовуми амалиёти имдод ва наҷот ва берун овардани қурбониён аз зери овор дода шуда буд.  

Тавфиқ Алҳамирӣ, аз раҳбарони ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард: Муҳаммадалӣ Алҳусӣ, раиси Кумитаи олии инқилобии Яман ва Маҳдӣ Алмашот, раиси Шӯрои оли сиёсӣ дар саломати комил ба сар мебаранд ва дар ин ҳамла осеб надидаанд.