“Ал-Вифоқ” : Ҳимояти режими Оли Халифа аз режими саҳюнистӣ шармовар аст
Ҷамъияти “Ал-Вифоқ” -и Баҳрайн, суханони Холид ибни Аҳмад Оли Халифа, вазири хориҷаи режими Баҳрайнро дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ, шармовар хонд ва хостори узрхоҳӣ ва истеъфои вай шуд.
Ҷамъияти “Ал-Вифоқ” -и Баҳрайн имрӯз (шанбе) дар баёнияе таъкид кард, миллати Баҳрайн бо ҳар гуна иқдоме барои оддисозӣ ё тавҷеҳи равобит бо режими саҳюнистӣ мухолиф аст.
“Ал-Вифоқ” дар ин баёния афзуд, суҳбатҳои вазири хориҷаи Баҳрайн мавозеи мардум нест.
Ҷараёни исломии “Ал-Вафо”-и Баҳрайн низ изҳороти масъулони режими Оли Халифа дар ҳимояти ошкор аз таҷовузи низомии Исроил ба Сурияро, ки аз хатти қирмиз убур карда, ҳокӣ аз беҳаёии сиёсии ин режим барои ишғолгарони режими саҳюнистӣ донист.
Шайх Холид ибни Аҳмад Оли Халифа, вазири хориҷаи режими Баҳрайн дар “Твитт”-е аз ҳамалоти мушакии режими саҳюнистӣ ба Сурия, ҳимоят кардааст.
Панҷшанбеи гузашта, режими саҳюнистӣ даҳҳо мушак ба манотиқи мухталифи Сурия шиллик кард ва пас аз ин ҳамалот, артиши Сурия чандин пойгоҳи ин режимро ҳадаф қарор дод.