Вуруди ҳайати амрикоӣ ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин
(last modified Mon, 14 May 2018 07:06:04 GMT )
Май 14, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳайати амрикоӣ ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин

Ҳайати амрикоӣ ба манзури ширкат дар маросими кушоиши сафорати ин кишвар, вориди Фаластини ишғолӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, қарор аст, давлати Амрико имрӯз (душанбе) тасмими Доналд Трамп барои интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел-Авив ба Қудсро, амалӣ кунад.

Ба ҳамин манзур, Иванка Трамп, мушовири раисиҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи Стивен Мнучин, вазири хазонадории ин кишвар вориди сарзаминҳои ишғолӣ шуданд.

 Ҳайати амрикоӣ рӯзи якшанбе дар ҳоле вориди сарзаминҳои ишғолӣ шуд, ки пештар Созмони Милали Муттаҳид борҳо бар мухолифати ин созмон бо тасмими Амрико, барои интиқоли сафорати худ аз Тел -Авив ба Қудси ишғолӣ таъкид карда буд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои фаластинӣ ҳузур игустурда фаластиниёнро дар таҷаммӯи эътироз ба интиқоли сфорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудс, хостор шудаанд.

Роҳпаймоии мардуми Фаластин низ бо номи роҳпаймоии «ҳаққи бозгашт» , ки аз 30 март оғоз шуда буд, қарор аст, рӯзи душанбе 14 майи мусодиф бо “рӯзи накбат”, яъне солрӯзи таъсиси режими ишғолгари Қудс, ва ҳамчунин рӯзи сешанбе ва 15 май бо шиддати бештаре идома ёбад.