Май 14, 2018 18:02 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот, даргирӣ, эътироз ва хашми фаластиниён дар “рӯзи накбат”

Тазоҳуроти фаластиниёни сокини сарзаминҳои ишғолӣ дар солрӯзи “накбат” ба даргирӣ бо низомиёни саҳюнист мунҷар шуд.  

14 майи 2018 мусодиф бо ҳафтодумин солгарди ихроҷи фаластиниён аз сарзаминашон ва 15 май ҳафтодумин солгарди таъсиси режими саҳюнистӣ ва “рӯзи накбат” аст.  

Мошинҳои сангини артиши режими саҳюнистӣ аз сооти аввалияи бомдоди душанбе иқдом ба хокбардорӣ ва эҷоди хокрез ва мавонее дар манотиқи марзӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳаргуна нуфузи тазоҳуроткунандагони фаластинӣ ба арозии ишғолӣ карданд.  

Токунун шумори зиёде аз мардуми Фаластин, вориди шарқи навори Ғазза шудаанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард: Дар даргириҳои шадид миёни фаластиниҳо ва низомиёни саҳюнист 18 нафар шаҳид ва 1000 нафар захмӣ шуданд.  

Ҳамзамонии ҳафтодумин солгарди рӯз накбат бо таҳаввулоти муҳиме чун идомаи тазоҳуроти бузурги ҳаққи бозгашт, интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас ва ҳимояти раҳбарони араб аз режими ишғолгари Қудс, ба тазоҳуроти имсол рангу буе дигар бахшидааст.

 

Барчасп