Май 15, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Куштори фаластиниён дар ҳафтодумин солрӯзи “Накбат”

Иқдоми режими саҳюнистӣ дар куштори ваҳшиёнаи фаластиниҳо рӯзи душанбе (14 май), ки бо фазосозии Амрико аз тариқи баргузории маросими ифтитоҳи сафорати Амрико дар Байтулмуқаддас дар ҳафтодумин солгарди ишғоли Фаластин ҳамроҳ буд, беш аз пеш мазлумияти мардуми бедифои Фаластинро намоён кард.

Бар асоси охирин ахбор, шуҳадои фаластинии рӯзи душанбе дар навори Ғазза ба 59 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 2771 нафар афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки бар асари ташдиди ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар ҳафтаҳои ахир ҳазорон фаластинӣ низ ба хоку хун кашида шуда буданд.

Таҳаввулоти Фаластин дар ҳафтодумин солрӯзи фоҷиаи ишғоли Фаластин нишон медиҳад, ки мусибатҳои мардуми Фаластин дар баробари ҷиноёти Исроил ва ҳомиёни ғарбиаш натанҳо тамомӣ надорад, балки ҳар бор бо мусибатҳои бузургтаре мувоҷеҳ мешаванд.

Вожаи “накбат” ёдовари ду хотираи бисёр бад дар ҳофизаи фаластиниҳо ва афкори умумӣ аст: Нахуст, истиқрори режими Исроил дар соли 1948 ва дувум, ихроҷи беш аз 800 ҳазор фаластинӣ аз ватани худ дар ин мақтаи замонӣ аст, ки шумори оворагони фаластинӣ то кунун ба ҳудуди шаш миллион тан расидааст.

Рӯзи накбат натанҳо намоди фоҷеаҳое аст, ки дар он сол бар сари сарзамини Фаластин ҳодис шуд, балки намоёнгари сахтиҳо ва мушкилоте аст, ки тайи чандин даҳаи гузашта ба ин миллат таҳмил гаштааст.

Дар воқеъ «Явмуннакбат» ривояти як трагедияи инсонӣ аст, ки тахриби бахши аъзаме аз бунёнҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқии фаластиниёнро дар пай дошт, то роҳ барои эъломи мавҷудияти як режими номшруъ боз шавад.

Тахриби беш аз 675 шаҳру русто, ишғоли манотиқи фаластининишин ва табдили онҳо ба шаҳракҳои саҳюнистӣ, ихроҷи фаластиниҳо, нобудии мерос ва осори ҳувияти миллии Фаластин ва ҷойгузинии номҳои арабии маконҳо бо номҳои ибрӣ, аз ҷумлаи иқдомоти Исроил аз соли 1948 то кунун аст.

 «Рӯзи накбат» ҳамчунин ба даҳҳо маврид қатли ом ва ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ, ки ҳазорон зан, мард ва кӯдаки фаластиниро ба хоку хун кашонда, ишора дорад.

Дар ин замина метавон ба кушторҳои режими саҳюнистӣ дар Кафр Қосим ва Дейр Ёсин ишора кард. 29 октябри соли 1956, чиҳилу ҳашт фаластинӣ аз ҷумла 6 зан ва 23 кӯдаки сокини рустои Кафр Қосим дар каронаи бохтарии рӯди Урдун бидуни далел бо шиллик саҳюнистҳо наздики марзи Урдун, ҷон бохтанд. Пеш аз ин ҷиноят, яъне нӯҳуми апрели соли 1948 низ ду гурӯҳи террористии саҳюнистӣ бо юриш ба рустои Дейр Ёсин дар ғарби Қудси ишғолшуда, 360 тан аз сокинон бедифои ин русторо қатли ом карда буданд.

Албатта ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва тавсеаталабиҳои ин режем дар Фаластин аз замони таъсиси ин режими номшруъ то кунун ҳеҷ гоҳ мутаваққиф нашуда ва аз охирин намунаҳои ин ҷиноёт ва тавсеаталабиҳо метавон ба қатли оми рӯзи душанбеи фаластиниҳо тавассути Исроил бо чироғи сабзи Амрико ишора кард.

Рӯзномаи ал-Қудсу-л-арабӣ чопи Лондон дар пойгоҳи интернетии худ ифтитоҳи сафорати Амрико дар Қудсро накбат ва мусибати ҷадиде барои миллати Фаластин, адолат ва машрӯъияти байналмилалӣ донист. Ин рӯзнома дар гузориши худ таъкид доштааст, ки Исроил ба унвони қудрате, ки бо ишғолгарӣ ва ҳимоятҳои Амрико дар минтақа эҷод шудааст, ҳамчунон ба зулми таърихии худ алайҳи фаластиниҳо идома медиҳад.

Дар ин миён сиёсатҳои таҳрикомези амрикоиҳо, ба вижа тасмими Трамп дар интиқоли сафорати Амрико ба Қудс дар 14 моҳ майи соли 2018, ба манзалаи он аст, ки мардуми минтақа ҳамчунон дар маърази паёмадҳои сиёсатҳои накбатбори Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор доранд. Натиҷаи чунин сиёсат ва ҳамкории тавтиаомез, куштори бештари фаластиниҳо аст.