Май 15, 2018 17:03 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати навзоди ҳаштмоҳаи фаластинӣ

Бо шаҳодати як навзоди духтари ҳаштмоҳаи фаластинӣ, теъдоди шуҳадои тазоҳуроти душанбе 14 май дар марзи Ғазза бо сарзаминҳои ишғолӣ ба 59 нафар расид.

Ашраф Алқадра, сухангуи Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, Лайлӣ Анвар Алғундури ҳаштмоҳа ба далели танаффуси газҳои ашковар дар тазоҳуроти дирӯзи душанбе дар шарқи Ғазза ба шаҳодат расид.

Бо шаҳодати ин духтар теъдоди шуҳадои рӯзи душанбе ба 59 нафар расид.  

Рӯзи душанбе бо ҳузури Иванка Трамп, духтар ва мушовири Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, сафорати ин кишвар аз Телавив ба Қудс мунтақил шуд.  

Марзи навори Ғазза бо сарзаминҳои ишғолии Фаластин дар эътироз ба ин мавзуъ шоҳиди тазоҳуроти густурдае буд.

Image Caption
Image Caption
Image Caption

 

 

Барчасп