Ташкили гурӯҳи террористии ҷадиде дар ҷануби Сурия
(last modified Tue, 15 May 2018 14:46:31 GMT )
Май 15, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Ташкили гурӯҳи террористии ҷадиде дар ҷануби Сурия

Гурӯҳҳои террористии ҳозир дар устони Даръо дар ҷануби Сурия дар паи шикастҳои паёпай аз нерӯҳои давлатӣ, ташкилоти мусаллаҳи ҷадидеро ташкил доданд.

Ба нақл аз Ирно, расонаҳои вобаста ба мухолифони давлати Сурия эълом карданд, ҳадаф аз эҷоди ташкилоти ҷадид, ки “Шӯрои низомии озодагони нуӣ” номида шудааст, ваҳдати амали гурӯҳҳои террористӣ дар марҳалаи ояндаи кишвари Сурия аст.  

Гурӯҳи террористии ба ном артиши озоди Сурия низ ду рӯз қабл, ташкилоти ҷадидеро дар шимоли ин кишвар бо пуштибонии Туркия эҷод кард.