Май 19, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зидди амрикоии мардуми Баҳрайн дар манотиқи мухталифи ин кишвар

Мардуми Баҳрайн бо баргузории тазоҳуроти зидди амрикоӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар, хостори хурӯҷи фаврии нируҳои бегона аз ҷумла низомиёни Иёлоти Муттаҳида аз Баҳрайн шуданд.

Баҳрайниҳо дар ин тазоҳурот тахлияи пойгоҳҳои амрикоии мустақар дар кишварашонро низ хостор шуданд.

Ҳамзамон бо ин тазоҳуротҳо эътилофи «Ҷавонони 14 феврал»-и Баҳрайн бо судури баёнияе хостори баста шудани тамомии пойгоҳҳои низомии бегонагон дар хоки ин кишвар шуд.

Дар ҳоли ҳозир Баҳрайн мизбони новгони панҷуми нируи дарёии Амрико дар хоки худ аст. Бритониё низ моҳи гузаштаи милодӣ (апрел) нахустин пойгоҳи низомии доимии худро дар Бандари Салмони Баҳрайн, ифтитоҳ кард.

Баҳрайн аз 14 феврали 2011 саҳнаи инқилоби мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст. мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолат ва рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоми мунтахаб дар кишварашон ҳастанд.

Режими Оли Халифа барои хомӯш кардани шӯълаи эътирозоти мардуми ин кишвар, шумори зиёде аз раҳбарони мухолифро боздошт ва бо парвандасозӣ ба эъдом ва ё зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кардааст.