Май 21, 2018 12:32 Asia/Dushanbe
  • Омори шаҳидон ва маҷрӯҳони фаластинӣ аз оғози роҳпаймоии «ҳаққи бозгашт»

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, аз оғоз роҳпаймоиҳои «ҳаққи бозгашт» ,токунун 112 фаластинӣ ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ шаҳид ва ҳудуди 13 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати беҳдошти Фаластин якшанбешаб ҳамчунин эълом кард, 13 тан аз шаҳидон кӯдак ҳастанд ва ду ҳазору 96 кӯдак ва ҳазору 29 зан низ дар ин муддат захмӣ шудаанд.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, вазъияти 232 фаластинӣ, ки дар роҳпаймоии бузурги «ҳаққи бозгашт» ба дасти низомиёни саҳюнистӣ захмӣ шуданд, вахим аст ва 32 тан аз онҳо низ дучори нақси узв шудаанд.

Низомиёни режими ишғолгари Қудс танҳо дар рӯзи душанбе 14 май, 65 фаластиниро шаҳид ва беш аз дуҳазору 900 нафарро захмӣ карданд.

Роҳпаймоии мусоламатомези «ҳаққи бозгашт»,  аз 30 марти гузашта ба муносибати «Рӯзи замин», дар борикаи Ғазза оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп