Май 28, 2018 16:16 Asia/Dushanbe
  • Фаластин; “Аз баҳр то наҳр”

Фаластин масъалаи нахусти ҷаҳони Ислом аст ва баргузории рӯзи ҷаҳонии Қудс - охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон таъкид бар ин масъалаи муҳим ва таърихӣ аст.

Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори инқилоби исломӣ бо шинохте, ки аз моҳияти режими саҳюнистӣ ва аҳдофи Амрико дар минтақа доштанд, охирин ҷамъаи моҳи Рамазонро рӯзи Қудс номгузорӣ карданд то мусалмонони ҷаҳон ҳамбастагии худро бо фаластиниён беш аз пеш эълом доранд.

Эшон дар бораи рӯзи Қудс фармуданд: “Рӯзи Қудс фақат рӯзи Фаластин нест, рӯзе аст, ки бояд ба абарқудратҳо фаҳмонд, ки дигар онҳо наметавонанд дар мамолики исломӣ пешравӣ кунанд. Рӯзи Қудс рӯзе аст, ки бояд ба ҳама абарқудратҳо ҳушдор бидиҳем, ки Ислом дигар таҳти султаи шумо, ба воситаи аъмоли хабиси шумо воқеъ нахоҳад шуд. Рӯзи Қудс - рӯзи ҳаёти Ислом аст”.

Миллати Фаластин барои дифоъ аз сарзамини худ дар муқобили ишғолгар то кунун ҳазинаи сангине пардохтааст. Аммо бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо мусаммам ва устувор истодааст. Акнун сарнавишти Фаластин вориди марҳалаи ҳассосе шудааст. Мавҷуде ҷинояткоре ба номи Исроил монанди ҳаштпо бахши аъзами кишвари исломии Фаластинро балъида, бо кумаки Амрико дар ҳоли иҷрои нақшаи шуми худ дар Қудси шариф барои такмили ин ишғолгарӣ аст.

 Даври ҷадиди куштори шаҳрвандони фаластинӣ дар борикаи Ғазза, ба вижа кӯдакон ва занон низ идомаи ҳамон шеваи ҷинояткоронае аст, ки режими саҳюнистӣ дар ҳафт даҳаи гузашта алайҳи фаластиниён ба кор гирифтааст.

Мутобиқи эъломияи СММ, миллате, ки сарзаминаш ишғол шудааст, ҳақ дорад дар баробари ишғолгар аз худ дифои мусаллаҳона кунад.

 Ходид Қудумӣ, намояндаи ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Эрон дар ин бора мегӯяд, муқовимат дар сурати ниёз бо силоҳ ба муқобила бо режими саҳюнистӣ хоҳад рафт ва бо тамоми тавон ба набард бо душман хоҳад пардохт ва агар ҳам ниёз бошад ба василаи тазоҳуроти мусолиматомез ҳуқуқи худро пайгирӣ хоҳад кард.

Давлати Амрико 14 –уми май бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, сафораташро ба Қудси ишғолӣ мунтақил кард.

Мардуми борикаи Ғазза ҳамзамон бо ифтитоҳи сафорати Амрико дар Қудси ишғолӣ тазоҳурот карданд, ки ин тазоҳурот бо юриши низомиёни режими саҳюнистӣ ба хоку хун кашида шуд. Низомиёни режими ишғолгари Қудс беш аз 60 фаластиниро шаҳид ва ҳазорон нафарро захмӣ карданд.

Ҳасани Рӯйварон, коршиноси масоили Ховари Миёна дар таҳлили решаҳои ин ҷиноёт ба моҳияти ин ишғолгарӣ ишора дорад ва мегӯяд: "...саҳюнистҳо бар асоси як ривояти таърихии сохта дар бораи ин ки як замоне яҳудиҳо дар Фаластин будаанд, истидлол мекунанд ба ин ки ин ҷо мутааллиқ ба онҳо аст. Агар ин мелок бошад, ки ҳар миллате як замоне дар ҷое буда бошад он макон барои ҳамеша мутааллиқ ба онҳо аст, бояд бигӯем мо эрониҳо замоне дар Юнон ва Миср ҳам будаем, хеле ҷойҳои дигар ҳам будаем....Тамоми ин масоиле, ки феълан саҳюнистҳо машруияти худро бар асоси он матраҳ мекунад, ҳеҷ кадомашон машруиятзо нест.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ моҳи январ дар дидори ширкаткунандагони сенздаҳумин конфронси Иттиҳоди байналмаҷолиси Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Теҳрон таъкид карданд, бидуни тардид Фаластин як маҷмӯа ва таърихи “Аз баҳр то наҳр” аст ва Қудс низ пойтахти он аст ва имкони ҳеҷ хадшае бар ин ҳақиқат вуҷуд надорад.

Бетардид масъалаи Фаластин ва ишғоли Қудси шариф яке аз муҳимтарин ва боризтарин буҳронҳои Ғарби Осиё аз ним қарни пеш то кунун аст. Миллати Эрон ҳамвора бо ифтихор аз ҳуқуқи миллати мазлуми Фаластин ҳимоят кардааст ва дар ин давраи ҳассос дар идомаи ин ҳимоят лаҳзае тардид нахоҳад кард.

 

 

Барчасп