Тирандозӣ дар кохи подшоҳӣ Бин Салмонро ҳисобӣ тарсондааст
(last modified 2018-06-02T07:41:57+00:00 )
Июн 02, 2018 12:41 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар кохи подшоҳӣ Бин Салмонро ҳисобӣ тарсондааст

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон пас аз тирандозӣ дар минтақаи Ал-Хазоми (21-уми апрел) ба шиддат тарсида ва ин масъала бар тасмимгириҳои вай таъсир гузоштааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Раъй-ал-явм”, ба Муҳаммад бин Салмон тавсия шудааст, аз ҳузур дар малаи ом худдорӣ ва гирифтани тасмимоти таҳрикомезро ба хотири наҷоти ҷони худ мутаваққиф кунад то ин ки ба таври расмӣ ба унвони подшоҳ интихоб шавад.

Яке аз афроде, ки ба авзои хонадони подшоҳии Арабистон огоҳ аст, гуфтааст, дар пайи ҳамла ба дарбори подшоҳӣ дар Риёз, Муҳаммад бин Салмон ба шиддат ваҳшатзада аст.

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, дарбори подшоҳӣ дар Риёз тавассути афроди мусаллаҳ бо ҳавопаймои бесарнишини ҳомили маводи тарканда ва бо ҳадафи террори Муҳаммад бин Салмон ва ҳамроҳонаш мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

То кунун чигунагии анҷоми ин амалиёт мушаххас нашудааст, аммо манбае огоҳ ба масоили хонадони подшоҳӣ дар Риёз таъкид кардааст, амалиёти тирандозӣ дар Ал-Хазоми бо аҳдофи сиёсӣ ва тавассути доираи ҳокимият анҷом шуд ва амалиёти одӣ набудааст.

Манбае ғарбӣ дар ин замина мегӯяд, валиаҳди Арабистон аз ин ҳамла, ки наҷот аз он сахт буд, тавонист ҷон ба дар бибарад, аммо бисёр тарсидааст. Зеро аслан тасаввур намекард, ки кохи подшоҳӣ ҳадафи ҳамла қарор гирад.