Сентябр 04, 2016 17:45 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони манотиқи мухталифи Яман тавассути ҷангандаҳои Саудӣ

Ҷангандаҳои Арабистон ҳамчунон манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон ме‎кунанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ямании "Алмасира", ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ субҳи рӯзи якшанбе се бор минтақаи Алҷойф, дар ноҳияи Ҳамдони устони Санъо, пойтахти Яманро ҳадаф қарор доданд.

Ҷангандаҳои Арабистон ҳамчунин шабакаи мухобирот дар устони Алҳадида, дар ғарби Яман ва манзили яке аз шаҳрвандони яманиро дар устони Саъда, дар шимоли Яман бомбаборон карданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷангандаҳои мутаҷовизи арабистонӣ даҳ бор ноҳияи Ҳарзро дар устони Ҳаҷҷа, дар ғарби Яман бомбаборон карданд.

Ҳамлаи рӯзи шанбеи ҷангандаҳои саудӣ ба чанд минтақа дар Санъо ва Саъдаи Яман ҳам ба кушта шудани 14 ғайринизомии яманӣ ва захмӣ шудани чанд кӯдак мунҷар шуд.

Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман низ рӯзи якшанбе дар посух ба ин ҳамалот, бо мушак мавозеи артиши Арабистонро дар шаҳре дар Ҷизон, ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор доданд.