Маҳкум шудани духтар ва домоди Алқарзовӣ дар Миср
Июн 13, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
Додгоҳи ҷиноии Қоҳира ҳукми ҳабси 45 рӯзаи духтар ва домоди раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии мусулмононро ба иттиҳоми ҳимояти молӣ аз терроризм содир кард.
Ало Алқарзовӣ ва Ҳисом Халаф, духтар ва домоди Юсуф Алқарзовӣ ба узвият дар гурӯҳи ғайриқонунӣ, даъват ба барандозии низоми ҳукуматӣ, ҳимояти молӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва кумак ба онҳо барои хариди аслиҳа ва истифода аз он дар амалиёти террористӣ муттаҳам ҳастанд.
45 рӯз ҳабс ба манзури такмили таҳқиқот дар бораи ҳимояти Ало Алқарзовӣ ва Ҳисом Халаф содир шудааст.
Барчасп