Июн 24, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Яман ба сукути СММ дар баробари ҷиноёти эътилофи Саудӣ

 Абдусалом Ҷобир, сухангӯи Давлати Наҷоти Миллии Яман сукути Созмони Милал ва ниҳодҳои вобаста ба онро дар қиболи ҷиноёти эътилофи Саудӣ дар Яман маҳкум кард.

Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба саркардагии Арабистон ва Аморот дар ҳафтаҳои ахир бо вуҷуди ҳушдорҳои байналмилалӣ дар бораи вахомати авзои инсонӣ дар Яман ҳамалоти густурдаеро барои ишғоли бандари Алҳудайда, ғарби Яман оғоз карданд, ки то кунун бо муқовимати нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст. Арабистон бо ҳамкории бархе кишварҳои арабии минтақа ва ҳамроҳи Амрико аз моҳи марти соли 2015 ҳамалоти густурдаеро ба Яман оғоз кардааст ва ин таҷовуз ҳар рӯз абъоди густурдатаре ба худ мегирад. Бар асари ташдиди ҷиноёти эътилофи Саудӣ шумори бештаре аз мардуми Яман ба хоку хун кашида шудаанд.

Даври ҷадиди ҷиноёти эътилофи Саудӣ бо мавҷи густурдаи эътирозоти афкори умум мувоҷеҳ шудааст, аммо ин ҷиноёт ҳамчунон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар раъси он Созмони Милал, бавижа дабири кулли ин созмон нодида гирифта мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба пешинаи заифи Созмони Милал дар ҳалли буҳронҳои ҷаҳонӣ ин ниҳоди ҳофизи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ дар анҷоми вазоифаш ба ҷойи ин ки ҷониби мардуми Яманро бигирад, бо таҷовузгариҳо ва ҷиноёти эътилофи Саудӣ ҳамроҳӣ низ нишон додааст. Тарҳҳои Созмони Милали Муттаҳид мабнӣ бар вогузории Алҳудайда ба тарафи сеюм, ҳамроҳиҳои ин созмон ва фазосозиҳои он дар масири пешбурди сиёсатҳои тавсеаталбонаи эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Яманро намоёнтар кардааст.

Баъд аз гузашти 3 сол аз ҷанги Арабистон алайҳи Яман ва таҳрими ҳамаҷониба ва муҳосираи обӣ, заминӣ ва ҳавоии Яман мардуми ин кишвар дар сояи беамалии Созмони Милали Муттаҳид бо буҳронҳои шадиди инсонӣ дасту панҷа нарм мекунанд. Беамалии Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи куштори мардуми Яман аз сӯйи режими мутаҷовизи Саудӣ ва муздуронаш раванди хатарнок маҳсуб мешавад, ки бо маъмуриятҳо ва аҳдофи СММ мухолиф аст ва ин созмонро ба шарике дар таҷовузи Арабистон ба Яман табдил кардааст. Мардуми Яман аз нақши Созмони Милали Муттаҳид дар буҳрони ин кишвар норозӣ ҳастанд. Беамалии Созмони Милал дар баробари ҷинояти Оли Сауд амалан мӯҷиб шудааст, то эътилофи Саудӣ ҳамроҳи ҳомии аслии ин эътилоф, яъне Амрико ба ҷиноёти худ идома дода, аз ҳошияи амне барои эъмоли ҳар гуна нақзи ҳокимияти Яман ва идомаи мудохилоташон дар Яман бархурдор бошанд.

Эдуард Кареган, яке аз вукалои байналмилалии фаъол дар заминаи ҳуқуқи башар дар ин замина муътақид аст: “Арабистони Саудӣ бидуни бим аз ҳар гуна бозхосте аз сӯйи Созмони Милал бо “чароғи сабз”-и давлатҳои ғарбӣ дар Яман муртакиби ҷиноят алайҳи башарият мешавад ва ба куштори мардуми бегуноҳи Яман, бавижа кӯдакон идома медиҳад". Сарфи назар аз ин ки эътилофи мутаҷовизи Саудӣ аз ҷанги Яман чӣ ҳадафе доштааст, рафторе, ки Оли Сауд ва муттаҳидонаш дар ин ҷанг аз худ нишон доданд, мисдоқи боризи ҷиноят аст. Созмони Милал, ки бо сиёсатҳои намоишии худ натавонистааст монеъ аз тадовуми ҷиноёти Арабистон дар Яман шавад, авҷи нотавониҳои худро дар баробари пули Арабистон ва қудрати сиёсии Амрико намоён кардааст. Чунин шароите мӯҷиб шудааст, то ҷаҳониён шоҳиди он бошанд, ки ҷиноёти эътилофи Саудӣ ва раванди мудохилоти Амрико дар Яман абъоди густурдатар ва дар айни ҳол хатарноктару хунбортаре ба худ бигирад.

 

Барчасп