Июн 29, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо созмони байналмилалӣ, хостори озодии намояндаи асири фаластинӣ

180 созмони арабӣ ва байналмилалӣ, озодии намояндаи асири парлумони Фаластин аз банди режими саҳюнистиро хостор шуданд.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, шабакаи дифоъ аз асирони Фаластинии "Сомидун" баёнияе мунташир кардааст, ки дар он, даҳҳо ҳизб, анҷумани фаластинӣ, арабӣ ва байналмилалӣ хостори озодии фаврии Холида Ҷаррор намояндаи зани асири фаластинӣ аз зиндони режими саҳюнистӣ шудаанд.

Режими саҳюнистӣ ҳаштуми июни 2017, Холида Ҷаррорро боздошт кард ва то кунун се бор муддати боздошти ӯро тамдид кардааст.

Шарлот Кейс ҳамоҳангкунандаи байналмилалии шабакаи дифоъ аз асирони фаластинӣ гуфт: Ба зудӣ ёддошти ҳуқуқии вижае дар бораи масъалаи боздошти муваққати фаластиниён ба чандин ниҳод ва муассисаи ҳуқуқии байналмилалӣ ироа хоҳад кард.

Низомиёни саҳюнист ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф, ба манзилҳои фаластиниён дар каронаи бохтарии рӯди Урдун ва Қудс ҳамла мебаранд.

Оморҳои расмии Фаластин ҳокӣ аст, 6500 фаластинӣ, аз ҷумла 300 кӯдак дар зиндонҳои Исроил ҳастанд.

 

Барчасп