Нақши Арабистон дар таҷҳизи террористҳо бо силоҳҳои кимиёӣ
Сеймор Ҳерш, рӯзноманигори машҳури амрикоӣ гуфт: «Мо бо истинод ба гузоришҳои иттилоотӣ таъйид мекунем, Арабистони Саудӣ ва бархе дигар аз ҳомиёни террористҳо дар соли 2013 маводи аслии ташкилдиҳандаи гази заҳролуди саринро дар ихтиёри гурӯҳи “Ҷабҳатуннусра” дар Сурия қарор додаанд...".
Ин дар шароите аст, ки ба гуфтаи ин рӯзноманигор, Созмони манъи густариши таслиҳоти кимиёӣ низ таъйид кардааст, осори гази сарини истифодашуда дар ҳодисаи мавсум ба куштори соли 2013 дар Ғутаи Шарқӣ бо навъи газ сарине, ки дар замони вуқӯи ин ҳодиса дар ихтиёри давлати Сурия қарор дошта, ҳамхонӣ надоштааст.
Нуктаи қобили тааммули он ки террористҳо ба манзури инҳирофи афкори умум аз иқдомоти худ дар бакоргирии силоҳҳои куштори ҷамъӣ бо ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони арабии худ дар сададанд, зимни иртикоби ҷиноятҳои зиддибашарӣ дар Сурия ин ҷиноётро ба давлат нисбат диҳанд. Ин дар ҳолест, ки давлати Сурия дар чорчӯби Қатъномаи 2118-и Шӯрои амният (27 сентябри соли 2013) маводи кимиёии Сурияро таҳвили Созмони манъи таслиҳоти кимиёӣ дода ва ин мавзӯест, ки маҷомеи ҳуқуқӣ низ онро эътироф кардаанд. Ҳадафи гурӯҳҳои террористӣ аз истифодаи густурда аз силоҳи кимиёӣ мамониат аз шикасти комил ва низ эҷоди тарсу ваҳшати бештар дар миёни шаҳрвандони Сурия аст, то онҳоро ба таслим дар баробари ҳадафҳои тамаъкоронаи худ водор кунад. Пештар низ маркази амрикоии мутолиот дар бораи гурӯҳҳои террористӣ мавсум ба IHS эълом карда буд, аносири гурӯҳҳои террористӣ аз соли 2014 даҳҳо бор аз силоҳи кимиёӣ дар Сурия истифода кардаанд.
Бар асоси иттилооти манобеи амниятӣ низ, режими Оли Сауд миқодири зиёди маводи кимиёиеро, ки дар сохти бомбҳои кимиёӣ корбурд дорад, аз Украина ва бархе аз давлатҳои ғарбӣ харидорӣ карда, дар ихтиёри террористҳои ДИИШ қарор додааст. Як рӯзномаи итолиёӣ дар ин замина фош кард, ки режими Оли Сауд аз тариқи як ширкати ҳавоӣ барои террористҳо дар Сурия силоҳ ирсол мекунад. Рӯзномаи итолиёии “Il Giornale” чанде пеш ба нақл аз як хабарнигори булғорӣ навишт, режими Саудӣ борҳо аз Булғория анвои силоҳҳоро харидорӣ ва онҳоро аз тариқи парвозҳои дипломатии як ширкати ҳавопаймоии озарбойҷонӣ ба номи "Silk Way Airlines" барои гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, бавижа “Ҷабҳатуннусра” ирсол мекунад. Франко Фраттини, вазири умури хориҷии пешини Итолиё чанде пеш дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Алахбор»-и Лубнон бо таъкид бар ин ки Арабистон дар оташафрӯзии буҳрони Сурия нақши вижа доштааст, фош кард, ки дар ин хусус ҳатто аз кишвараш (Италия) низ барои мушорикат дар таҷҳиз ва мусаллаҳ кардани «шӯришён» дархостҳое шудааст.
Кишварҳои ҳомии террористҳо ва дигар давлатҳои ғарбию арабӣ, бавижа Арабистони Саудӣ ҳозир ба мутаваққиф кардани ҳимояти ҳамаҷониба аз ин гурӯҳҳо нестанд ва амалан онон дастрасии террористҳо ба силоҳи кимиёиро осон мекунанд. Иқдомоти Арабистон ва дигар ҳомиёни террористҳо дар мусаллаҳ кардани террористҳо бо силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва низ дар ихтиёр қарори онҳо додани маводу таҷҳизоти сохти чунин силоҳҳое нақзи сареҳи паймонҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ аст. Конвенсияҳои байналамилалӣ ҳар гуна тавлид ва густариши силоҳҳои куштори ҷамъиро манъ мекунад. Аммо интишори гузоришҳо дар хусуси тадовуми таҷҳизи террористҳо ба силоҳи кимиёӣ тавассути давлатҳои ғарбӣ ва арабӣ ба манзалаи “чароғи сабз”-и онон ба террористҳо ҷиҳати ташдиди ҷинояташон дар Сурия аст.