Шикасте дигар барои мутаҷовизон, Иморот: Амалиёти низомӣ дар Алҳудайдаро ба таври муваққат мутаваққиф мекунем
(last modified Sun, 01 Jul 2018 14:50:37 GMT )
Июл 01, 2018 19:50 Asia/Dushanbe
  • Шикасте дигар барои мутаҷовизон, Иморот: Амалиёти низомӣ дар Алҳудайдаро ба таври муваққат мутаваққиф мекунем

Иморот имрӯз дар тавҷеҳи нокомии эътилофи Саудӣ барои тасарруфи бандари Алҳудайда эълом кард, ки амалиёти низомии худ алайҳи Алҳудайдаро ба таври муваққат мутаваққиф мекунад.

Иморот ба унвони шарики аслӣ дар эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба Яман гуфт, ки амалиёти низомӣ дар Алҳудайдаро барои боз шудани фазо барои талошҳои Мартин Гриффит, фиристодаи Созмони милал дар умури Яман ба манзури тасҳил бахшидан ба фароянди таҳвили бидуни қайду шарти бандари Алҳудайда мутаваққиф хоҳад кард.  

Анвар Қарқош, вазири мушовир дар умури хориҷии Иморот низ дар саҳифа худ дар Твиттер аз талошҳои Гриффит барои хуруҷи шӯришиёни ҳусӣ аз шаҳри Алҳудайда ва бандари он истиқбол кард ва навишт: "Мо ҳамлаи худро ба таври муваққат барои эътои фурсати кофӣ ба манзури баррасии комили ин гузина мутаваққиф кардем”.  

Вай афзуд, ки фурсат барои дастёбӣ ба роҳи ҳал барои хуруҷи Ансоруллоҳ аз Алҳудайда муҳаё аст.  

Ҷунбиши Ансоруллоҳ ва артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба ин иддаои Иморот вокунише нишон надодааст.