Боздошти фаластиниён дар ҳамлаи густардаи артиши саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ
(last modified Thu, 05 Jul 2018 11:17:48 GMT )
Июл 05, 2018 16:17 Asia/Dushanbe
  • Боздошти фаластиниён дар ҳамлаи густардаи артиши саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни артиши режими саҳюнистӣ чаҳоршанбе шаб ва бомдоди имрӯз дар ҳамла ба бахшҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ 14 фаластиниро боздошт карданд.  

Дар юриши ишғолгарони саҳюнист даргириҳое миёни низомиёни саҳюнист ва ҷавонони фаластинии сокини устонҳои Ҷинин, Ноблис, Байти Лаҳим, Байти Амр, Алхалил ва Қудс ба вуқуъ пайваст, ки дар паи он шуморе аз фаластиниён захмӣ шуданд.

Низомиёни саҳюнист илова бар боздошти шуморе аз фаластиниён аз ҷумла Яҳё Рабеъ, раиси анҷумани донишҷӯёни Донишгоҳи Бирзеит ва Холид Албатот, дабири ҷунбиши Фатҳ дар шаҳраки Алзоҳария Алхалил дар юриш ба хонаҳои фаластиниён онҳоро бозрасӣ карда ва асбобу асосияи онҳоро бар ҳам заданд.  

Онҳо дар ҳамлаи субҳи имрӯз ба шаҳри Ҷинин, Васфӣ Қабҳо аз раҳбарони ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ва вазири собиқи умури усаро ва озодагони Фаластинро боздошт карданд.

Ба гуфтаи ҳамсари Васфӣ Қабҳо, вай панҷ моҳ пеш аз зиндони саҳюнистӣ озод шуда буд ва ба рағми беморӣ ва вахомати ҳолаш, душмани саҳюнист бори дигар ӯро асир кард.