Дархости таваққуфи куштори кӯдакон дар Яман
(last modified Tue, 10 Jul 2018 09:12:07 GMT )
Июл 10, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
  • Дархости таваққуфи куштори кӯдакон дар Яман

Стефан Лёвен, нахуствазири Шведсия пас аз поёни нишасти Шӯрои амният бо мавзӯи “Ҳимоят аз кӯдакон дар даргириҳо”, хостори поёни ҷиноёти режими Саудӣ дар Яман шуд.

Аъзои Шӯрои амният дар ин нишаст ба иттифоқи оро Қатъномаи ҳимоят аз кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона ва ҷангҳоро тасвиб карданд, ки бар асоси он кӯдакон бояд аз ҳар гуна хушунате дар амон бимонанд.

Ин қатънома ҳамчунин бакоргирии кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона, куштан, рабудан, хушунати ҷинсӣ, ҳамла ба мадрасаҳо ва бемористонҳоро мамнуъ карда ва ҷилавгирӣ аз дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстонаро нақзи қонунҳои байналмилалӣ донистааст.

Дар ҳоле мавзӯи ҳимоят аз кӯдакон дар даргириҳо дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал матраҳ шудааст, ки бинобар гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2017 беш аз 10 ҳазор кӯдак дар ҷаҳон ба сабаби ҷанг ва даргириҳои мусаллаҳона кушта ё маълул шудаанд. Кӯдакони яманӣ аз ҷумлаи бузургтарин қурбониёни амалиётҳои ҷангӣ ҳастанд, ки Арабистон, Иморот ва муттаҳидонашон алайҳи мардуми Яман ба роҳ андохтаанд.

Дар ин замина Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, 11 миллион кӯдаки яманӣ ба далели осеби ҷиддии иборат аз ҷанг ниёзманди кумакҳои башардӯстонаанд.

Арабистон ва муттаҳидонаш дар ҳоле ба ҷанг дар Яман идома медиҳанд ва бар фишорҳо ва ҳаҷми таҷовузоти худ афзудаанд, ки то кунун натавонистаанд ба аҳдофи пешбиникардаи худ дар ин ҷанг даст ёбанд. Аз ин рӯ, Риёз ва муттаҳидонаш бо ташдиди куштори кӯдакони яманӣ ва ҷилавгирӣ аз дастрасии мардуми ин кишвар ба маводи ғизоӣ ва дору, дар садади афзоиши фишор бар яманиҳо барои водоштани онҳо ба таслим дар баробари тавсеаталабиҳои Риёз ҳастанд.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар ин шароит ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ аз Арабистон ва муттаҳидонаш дар ҷанг алайҳи Яман ва рӯйкарди чандгонаи онҳост. Бисёре аз ин кишварҳо дар ҳоле дар баробари кӯдаккушиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш вокуниш нишон медиҳанд ва онро маҳкум мекунанд, ки худ ҳимояткунандаи сиёсатҳои Арабистон дар ҷангафрӯзӣ ва бузургтарин таъминкунанда ва фурӯшандаи таслеҳот ба ин кишвар ва муттаҳидонаш ҳастанд.

Бенедикт Жанейро, мудири дафтари Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар дар Фаронса мегӯяд, Риёз сардамдори эътилофе аст, ки то кунун ҳазорон ғайринизомиро дар Яман кушта, ки бисёре аз онҳоро бояд ҷинояти ҷангӣ қаламдод кард ва Аврупо дар сурати идомаи фурӯши таслеҳот ба Арабистони Саудӣ ба шарики ин кишвар дар иртикоби ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ табдил хоҳад шуд.

Фурӯши силоҳ ва таслеҳот аз сӯйи Амрико ва Аврупо ба Арабистон, ҳимоят аз сиёсатҳои мутаҷовизкоронаи Риёз дар минтақа ва ҷанг бо Яман сабаб шудааст, ки ҳазорон шаҳрванди яманӣ, ба вижа кӯдакон акнун дар шароити буҳронии камбуди дору, маводи ғизоӣ ва ноамнӣ зиндагӣ кунанд ва исрори мақомоти Саудӣ бар идомаи сиёсатҳояшон дар қиболи ин кишвар, шароитро беш аз пеш сахт кардааст. Дар ин росто, кӯдакон ҳамчунон қурбониёни аслӣ ҳастанд, ки шароити онҳо бо судури қатъномаҳои созмонҳои байналмилалие чун Шӯрои амнияти Созмони Милал тағйир намеёбад, балки қатъи кумакҳо ва ҳимоятҳои пуштипардаи Ғарб аз Арабистон ва муттаҳидонаш ва фишор ба Арабистон барои поён додан ба ҷанги Яман метавонад то ҳудуде амниятро ба кӯдакони яманӣ бозгардонад.