Эрон чанд паҳподи режими саҳюнистиро сарнагун кард?
(last modified Fri, 11 Jul 2025 12:47:20 GMT )
Июл 11, 2025 17:47 Asia/Dushanbe
  • Эрон чанд паҳподи режими саҳюнистиро сарнагун кард?
    Эрон чанд паҳподи режими саҳюнистиро сарнагун кард?

Порс-Тудей. Фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар гуфтугуе ба ташреҳи абъоди мухталифи ҷанги дувоздаҳрӯзаи ахири режими саҳюнистӣ бо Эрон ва иддаоҳои расонаии Амрико ва режими саҳюнистӣ пардохт.

Сардори сарлашкар Муҳсини Ризоӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон шомгоҳи сешанбе дар гуфтугӯе  изҳор дошт, дар ҷанги дувоздаҳрӯзаи ахир, Исроил ва Амрико аз Эрон шикаст хӯрданд.

Ба гузориши Порс-Тудей, Ризоӣ бо ишора ба баҳрабардории таблиғотии Вашингтон ва Тел-Авив аз таҳаввулоти ахир гуфт: Ин таблиғот чанд ҳадаф дорад; аввал ин ки афкори умумиро ба тардид биандозанд ва достонсароӣ кунанд то пирӯзии Эронро зери суол бибаранд. Дувум, ба назар мерасад, он ҷо ки Трамп гуфт мавзӯоти ҳастаӣ тамом шуда, ҳадаф фиреб додани Эрон бошад; монанди ҳамон рӯйкарде, ки дар музокирот пеш гирифтанд.

Вай афзуд: Акнун бояд дид, ки оё воқеан инҳо пирӯз шуданд ё на. Аз чанд буъд метавон дастовардҳову ҳазинаҳои Исроилро баррасӣ кард. Бинобар гузориши Вазорати дороии Исроил, дар ин 12 рӯз ҳудуди 20 миллиард доллар ҳазинаи ҷанг будааст.

Ба андозаи тавлиди ду сол мушакҳои Тоди амрикоӣ дар ин 12 рӯз масраф шудааст. Ҳар мушак ҳам қимати бисёр болое дорад. Яъне ду сол тавлидро зарфи 12 рӯз ба осмон шиллик карданд.

Image Caption

 

Тасвире аз сарнагунии паҳподи режими саҳюнистӣ дар Эрон

Ризоӣ дар идома ба дастовардҳои низомии Эрон ишора ва афзуд: Мо ҳудуди 80 паҳподро задем, ки лошаи 32 паҳпод акнун дар дасти мост. Аз ҷумла паҳподҳои Ҳермес ва Ҳерон, ки бисёр пешрафта буданд. Радарҳои мо 80 исобатро сабт кардаанд. Ҳамчунин талафоти инсонӣ ва тахриби марокизи амниятӣ ва иқтисодии Исроил бисёр зиёд аст. Бояд дид, ки онҳо дар қиболи ин ҳазинаҳои сангин чӣ чизе ба даст овардаанд.

Вай сипас ба решаҳои амниятии режими саҳюнистӣ пардохту афзуд: Асоси мавҷудияти Исроил бар вожае ба номи “амнияти мутлақ” аст. Мардумонеро аз саросари дунё ҷамъ карданд ва ба онҳо гуфтанд, инҷо ҳеҷ хатаре шуморо таҳдид намекунад. Ҳамчунин нафъи иқтисодӣ матраҳ будааст, ки он ҳам вобаста ба амният аст. Аммо ин бор амнияти Исроил дучори фурӯпошӣ шудааст. Амният сӯрох- сӯрох шуда ва ин барои мавҷудияти Исроил нигаронии ҷиддӣ эҷод кардааст.