Июл 10, 2018 18:48 Asia/Dushanbe
  • Саркардаи террористҳои Даръо, таслими артиши Сурия шуд

Яке аз саркардагони гурӯҳи террористии артиши озоди Сурия (алҷайш алсурӣ алҳур), дар идомаи пешравии артиши Сурия дар устони Даръо, ҷануби ин кишвар, силоҳи худро таҳвил дод ва таслим шуд.  

Адҳам Алкарод, яке аз саркардагони артиши озоди Сурия пас аз таслим шудан ба артиши Сурия гуфт, пешравиҳои артиши Сурия дар ҷибҳаҳои ҷануби ин кишвар, нобудии террористҳоро тасреъ кардааст.

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия вобаста ба мухолифони сурӣ ҳам имрӯз дар гузорише бо изъон ба тасаллути артиши Сурия бар манотиқе васее аз устони Даръо эълом кард, таи 18 рӯзи гузашта, 131 террорист дар амалиёти артиши Сурия дар ин устон ба ҳалокат расидаанд.