Июл 15, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти мушакии яманиҳо ба марокизи низомии режими Оли Сауд

Манобеи яманӣ аз шиллики мушаки баллистикии кӯтоҳбурди ин кишвар ба мақарри Горди миллии Арабистон дар Наҷрон ва аз дақиқан ба ҳадаф расидани он хабар доданд. Ҳафтаи гузашта ҳам артиши Яман чандин мушак ба мавозеи нерӯҳои эътилофи Саудӣ дар соҳили ғарбии Яман ва манотиқе дар Ҷайзону Наҷрон, ҷануби Арабистон шиллик кардааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз 26-уми марти соли 2015 ба Яман ҳамла ва ҳамзамон ин кишварро муҳосираи заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор, захми шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст. Ҳамалоти низомии эътилофи Саудӣ ба Яман, ки аз ҳамон ибтидо бо муқовимати фарогири мардуми Яман мувоҷеҳ шуд, бо посухгӯии мушакӣ ба мутаҷовизон ҳамроҳ шуд, ки ин стратегияи низомӣ шоки ҷиддиеро ба саудиҳо ворид кард. Оли Сауд дар ҷараёни таҷовузгарии худ ба Яман на танҳо ба аҳдофи аз пеш таъйиншудаи худ дар ин кишвар даст наёфт, балки рӯёрӯӣ бо нерӯҳои “Ансоруллоҳ” ба хоки Арабистон ҳам кашида шудааст ва ин масъала амнияти шаҳрҳои Арабистонро ҳам ба хатар андохтааст.

Муқовимати мардуми Яман муқобили мутаҷовизони Саудӣ дар ҳоле вориди чаҳорумин соли худ шудааст, ки режими Саудӣ дар сояи чунин муқовимат натавонист аҳдофи худ дар Яманро таҳаққуқ бахшад. Дар арсаи низомӣ саудиҳо тайи муддате ки сипарӣ шудааст, на муваффақ ба тасаллут бар тангаи стратегии Бобулмандиб шуданд ва на тавонистанд бар манотиқи роҳбурдии воқеъ дар манотиқи мухталифи Яман даст ёбанд. Дар арсаи сиёсӣ низ саудиҳо қасд доштанд, то заминаро барои бозгашти Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфӣ, ки дастнишондаи Арабистон дар Яман маҳсуб мешавад, омода созанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ муваффақ ба таҳаққуқи чунин ҳадафе нашуданд.

Сома Аскар, таҳлилгари сиёсии Миср дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Алватан” гуфт, Оли Сауд дар ҷанг алайҳи мардуми мазлуми Яман аз назари сиёсӣ-низомӣ ва ахлоқӣ шикаст хӯрдааст. Абдусаттор Қосим, таҳлилгари ҷаҳони араб низ дар мақолае дар рӯзномаи “Раъюлявм” навишт, Арабистон бо сиёсатҳояш нишон дода, ки кишвари ҷангталаб ва дардисарсоз аст ва худ дар ботлоқи худсохта гирифтор шудааст.

Таҳаввулоти майдонии ҷанги Яман дасти бартар доштани муқовимати Яман дар рӯёрӯӣ бо мутаҷовизони арабистонӣ дар тамоми арсаҳоро нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, муқовимати Яман, ки стратегияи навини худро дар заработи мушакӣ ба мутаҷовизони арабистонӣ бо такя бо зарфиятҳои бумии ин кишвар мебинад, тавони зиёдеро ба ин кишвар дар рӯёрӯӣ бо мутаҷовизон додааст. Ин ҳаракатҳои дақиқ ва ҳушмандонаи Яман ба бартарии беш аз пеши он бар эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар арсаи майдонӣ анҷомидааст, ки чунин стратегия раванди шикасти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба Яманро тасреъ кардааст.

Шиллики мушакҳои баллистикии яманӣ сароғози марҳалаи ҷадиде аз рӯёрӯӣ бо мутаҷовизони Саудӣ аст, ки зарбапазирии беш аз пеши Оли Сауд дар баробари мардуми Яманро намоён кардааст. Пешравиҳои майдонии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар ҷабҳаҳои мухталиф рӯёрӯӣ бо Арабистон, исобати мушакҳои баллистикии яманиҳо ба умқи хоки Арабистон, инҳидоми мошинҳои зиреҳӣ ва кушта шудани садҳо нафар аз саудиҳо дар Яман дар моҳҳои ахир ҳокӣ аз тасреи раванди шикасти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ аст.

 

Барчасп