Июл 16, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Кулоҳсафедҳо маҷбур ба тарки Сурия мешаванд

Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ тасмим доранд, кулоҳсафедҳоро, ки ҳамвора таблиғоте дуруғин алайҳи давлати Димишқ мунташир мекунанд, аз Сурия хориҷ кунанд.  

Канада ва бархе кишварҳои аврупоӣ монанди Фаронса ва Британия дар бораи тарҳи тахлияи нерӯҳои кулоҳсафед ва аъзои хонаводаҳои онҳо аз хоки Сурия табодули назар мекунанд.

CNN афзуд, кишварҳои ёдшуда қасд доранд, ҳазор тан аз кулоҳсафедҳо ва аъзои хонаводаи онҳоро аз Сурия ба дигар кишварҳо мисли Канада, Британия ё Олмон бифиристанд.

Гуфта мешавад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар ҳошияи Нишасти сарони Созмони паймони атлантики шимолӣ (НАТО) дар Брюссел дар бораи ин мавзуъ бо сарони бархе кишварҳо гуфтугӯ кардааст.

 

Барчасп