Миср гузаргоҳи Рафҳро баст
Июл 17, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
Ба дунболи иқдоми режими Исроил ба бастани гузаргоҳи тиҷорӣ дар марзи Ғазза, давлати Миср низ ҳамоҳанг бо Телавив, гузаргоҳи марзии Рафҳро масдуд кард.
Миср сешанбе гузаргоҳи марзии Рафҳ бо борикаи Ғаззаро аз ҳар дутарафи Фаластин ва Миср баст.
Миср душанбе як автобуси ҳомили мусофирон аз борикаи Ғаззаро ба далели ончи вуҷуди мушкилоти фаннӣ эълом шуд, баргардонд.
Баста шудани ногаҳонии гузаргоҳи Рафҳ, сооте пас аз иқдоми режими Исроил ба бастани гузаргоҳи тиҷории Карам Абусолим дар марзи Ғазза эълом шуд.
Барчасп