Июл 21, 2018 12:14 Asia/Dushanbe

Марям Абудиққа, хабарнигори фаластинӣ рӯзи ҷумъа хабари шаҳодати чанд фаластиниро дар борикаи Ғазза эълом кард, аммо ҳанӯз дақоиқе нагузашта буд, ки фаҳмид, яке аз шаҳидон бародари худаш аст.

Дар видеои мунташиршуда Марям дар ҳолати шок қарор дорад ва атрофиёнаш дар ҳоли таслият додан ба ӯ ҳастанд.