Июл 22, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми фаъолони байналмилалӣ барои шикастани муҳосираи Ғазза

Дар тозатарин таҳаррукот барои лағви муҳосираи Ғазза, “киштиҳои лағви муҳосираи Ғазза” шанбешаб аз бандарҳои ҷазираи Сиқлия дар Италия ба самти навори Ғазза ҳаракат карданд.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, раиси Кумитаи байналмилалии лағви муҳосираи Ғазза таъкид кард, киштиҳои лағви муҳосираи Ғазза ба ҳамроҳи 45 фаъоли байналмилалӣ аз 15 кишвар, ба сурати намодин миқдоре дору ва таҷҳизоти пизишкиро бо худ ба Ғазза интиқол медиҳанд.

Зоҳир Бировӣ тасреҳ кард, бар хилофи таҷорибаи қаблӣ, ки бо ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба киштиҳои лағви муҳосира ва тавқифи онҳо дар обҳои байналмилалӣ ҳамроҳ буд, умедворем ин бор киштиҳо битавонанд ба соҳили Ғазза бирасанд.

Ба гуфтаи вай аҳдофи сиёсӣ ва расонаӣ ва огоҳибахшии ин пӯиш то ҳадди зиёде аз тариқи барномаҳои ҳамбастагиомез ва пӯшиши расонаӣ амалӣ шудааст ва киштиҳои лағви муҳосира дар сафари 70-рӯзаи худ дар 20 бандари аврупоӣ таваққуф мекунанд.

Аввалин «Киштии озодӣ» 29 майи 2018 ва дувумин киштӣ 10 июл дар ростои таъкид бар шикасти муҳосираи Ғазза аз соҳили навори Ғазза ба самти Қибрис ба роҳ афтод, ки тавассути неруи дарёии артиши режими саҳюнистӣ тавқиф ва сарнишинони он боздошт шуданд.

Борикаи Ғазза аз соли 2006 таҳти муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии режими саҳюнистӣ қарор дорад ва сокинони ин минтақа бо баста шудани гузаргоҳи Рафаҳ бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ ҳастанд.

 

Барчасп