Сурия: Ҳуввияти воқеии кулоҳсафедҳо мушаххас шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i36844-Сурия_Ҳуввияти_воқеии_кулоҳсафедҳо_мушаххас_шуд
Вазорати хориҷаи Сурия дар вокуниш ба интиқоли садҳо тан аз аносури террористии кулоҳсафед ба арозии ишғолӣ ва аз онҷо ба Урдун, таъкид кард: Ин масъала ҳокӣ аз ҳимояти ин тарафҳо аз ин террористҳост.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 23, 2018 14:39 Asia/Dushanbe
  • Сурия: Ҳуввияти воқеии кулоҳсафедҳо мушаххас шуд

Вазорати хориҷаи Сурия дар вокуниш ба интиқоли садҳо тан аз аносури террористии кулоҳсафед ба арозии ишғолӣ ва аз онҷо ба Урдун, таъкид кард: Ин масъала ҳокӣ аз ҳимояти ин тарафҳо аз ин террористҳост.

Як манбаи масъул дар Вазорати хориҷаи Сурия эълом кард: Сурия пештар ба хатари кулоҳсафедҳо барои амният ва суботи ин кишвар ва минтақа ба хотири моҳияти террористии онҳо ҳушдор дода буд.  

Ин манбаъ гуфт: Исроил бо қочоқи садҳо нафар аз аносури террористии кулоҳсафед ва саркардаҳои соири гурӯҳҳои террористӣ собит кард, аз гурӯҳҳои террористии ҳозир дар Сурия ҳимоят мекунад.